СОХТМОНИ ИНШООТҲОИ ГИГИЕНӢ БО УСУЛИ ДРЕНАЖӢ АМАЛӢ ГАШТА ИСТОДААСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати сохта ба истифода додани иншоотҳои гигиенӣ, хусусан ҳоҷатхонаҳои замонавӣ бо усули дренажӣ пайваста идома дорад.

Ин навбат бо мақсади таъмини тозагӣ ва гигиенаи шахсӣ бо ташаббуси Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона иншооти гигиении ҳоҷатхона бо усули дренажӣ дар назди бинои Кумита ба нақша гирифта шуда, сохтмонаш дар арафаи анҷомёбист.

Мавриди зикр аст, ки чунин иншоот ва ҳоҷатхонаҳо дар тамоми ҳудуди ноҳия ва манзилҳои истиқоматӣ аз ҷониби сокинон ва ҷонибдорони ҳизб дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” сохта ба истифода дода шуда истодааст, ки ин метавонад яке аз роҳҳои пешгирӣ ва паҳн гардидани бисёре аз бемориҳои сироятӣ гардад.