ДАР ОБОДИИ ДИЁР САҲМИ ХЕШРО МЕГУЗОРЕМ!

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ  дар  ростои таҷлили сазовор ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии маркази ноҳия дар масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаҳои маркази ноҳия ва майдончаҳои гирду атрофи биноҳои  маъмурию иҷтимоӣ  эътибори махсус дода шуда, дар доираи дастгирии ташаббусҳои ҳизбӣ дар ин самт  пайваста тадбирандешӣ мешавад.

Рӯзҳои охир аз ҳавои мусоиди бебарфӣ дар  ноҳия истифода намуда дар ҳамоҳангии  аъзоёни фаъоли ҳизб  ва  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои тоза намудани гирду атрофи биноҳо ва муассисаҳои маркази шаҳрак ҳашари умумӣ ташкил карда шуда, корҳои поккориҳо анҷом дода шуд.  

 

Суратгузориш аз ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ :