ВОХӮРИ БО ҶАВОНОН ДАР МТМУ №12

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод ҷиҳати вохӯрӣ бо сокинон ва ҷавонони кишвар вобаста ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» бо иштироки роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Муъминобод, Раҳимов Фурқат миёни хонандагони синфҳои болоӣ ва сокинони ноҳия вохӯриҳо доир гардида истодаанд.

Раҳимов Фурқат  зимни суханроӣ иброз намуданд, ки риояи қонунҳои мамлакат ин танзими кору фаъолият ва зиндагии сокинон аст. Аз ин рӯ ҳар як сокини кишварро зуарур аст, ки қонунҳои асосиро риоя намуда, баҳри пешрафти зиндагии худ ва давлату мамлакат таъсиргузор бошад.