ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР ХУРРАМГАРДОНИИ НОҲИЯ САҲМГУЗОРАНД

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз ҳар як аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Темурмалик пайваста талош меварзанд, ки дар ободии ҳар як гӯшаи диёр саҳми худро гузошта, баҳри ободиву пешравӣ ва сарсабзу хуррамгардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, гулгашту боғҳо, кӯчаву роҳравҳо саҳмгузор бошанд.Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки нумуи ташаббускориву навоварӣ дар ҷомеа пазируфта шудааст, тавонист, ки мардумро дар роҳи бунёдкориву созандагӣ зери сиёсати ободкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талқин намояд.