ВУСЪАТИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба мусоид омадани бодуҳаво ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шаҳри сабз табдил намудани кишвари азизамон инчунин тадбирҳои солимгардонии муҳити зист тавассути кабудизоркунӣ ва сарсабзу зебо гардонии ҳар як гӯшаи ватани азизамон Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгириҳои аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ-и ноҳияи Кӯшониён дар тамоми шаҳраку деҳотҳои ҳудуди ноҳия тариқи ҳашари дастаҷамъона маракаи шинонидани дарахтони ҳамешасабзи арча баргузор гардида истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" ироа намудаашон таъкид доштаанд, ки бояд то соли 2040 дар ҷумҳурӣ Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунӣ қабул карда шавад, дар ин замина ташаббускориҳову дастгириҳои аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вусъат ёфта, аз ин лиҳоз ҳайати омӯзгорон, мураббиён ва кормандони МТМУ №56-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии "МАОРИФЧИЁН" аз Паём рӯҳу илҳоми тоза гирифта, 14 январи соли 2024 ба ҳашари дастаҷамъона баромада, як зумра корҳои тозакунии саҳну атрофи муассиса, нармсозии қитъаҳои замин, тозакунии дарахтон аз шоху навдаҳои зиёдатӣ, кабудизоркунӣ ва шинонидани дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳандаро ба сомон расониданд.