ЛЕВАКАНТ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ҲИЗБИЁН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар  толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Левакант маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар соли 2023 баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант,  раиси шаҳри Левакант Файзиддинзода Бунафша,  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, фаъолон, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.
 

Маҷлис аз рӯи се масъала, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар бораи натиҷаи фаъолият дар соли 2023 ва нақшаҳо барои давраи оянда, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант барои соли 2024, тасдиқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва масъалаҳои ҷорӣ баргузор гардид.
 

 Вобаста ба масъалаи якум, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Низора Олимзода доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2023 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда баромад намуд. Мавсуф қайд кард, ки новобаста аз камбудию пешравиҳо кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб соли 2023-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда, дар корҳои созандагӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои  барномавии ҳизб ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳолӣ саҳми арзанда гузоштанд.
 

Дар идомаи маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоии  деҳаи “Истиқлол”, Ҷамоати деҳоти “Гулистон” ба музокира баромада, вобаста ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ҳисобот доданд. Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
 

Сипас, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант,  раиси шаҳр  Файзиддинзода  Бунафша аз масъулини соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кор бо занон, ҷавонон ва ноболиғон пурсиш ба амал оварда, барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва ҷоннок кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, тарғиби дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ  ва истиқболи шоиста аз 30-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ супоришҳои мушаххас дод.
 

Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро ба  сухан  баромада, аз ҷумла қайд намуд, ки Роҳбари давлат дар Паёми имсолаи хеш бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
 

Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд.
Ҳамчунин, Роҳбари давлат зимни ироаи Паём изҳор доштанд, ки бо мақсади ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намуданд.

 

Аз ин лиҳоз, мо ҳизбиёнро зарур аст, ки дар партави дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро дар самти фаъолияти ҳизбӣ, баргузории аксияҳо, ташаббусҳои ҳизбӣ тақвият бахшида, мардумро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашнҳои бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии  таъсисёбии ҲХДТ даъват намоем.
 

Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардид. Дар охир ба як қатор аъзои фаъоли ҳизб Сипосномаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

Зебо ИКРОМЗОДА,
"Ҳамрози халқ"