БА ИСТИФОДА ДОДАНИ СЕХИ ИСТЕҲСОЛИ ҚАНДИ САФЕД

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саноатикунонии мамлакат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла рӯзи 9 январи соли 2024 дар деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Калинин аз тарафи соҳибкори ҷавон аъзои ҲХДТ, Рустам Мусоев сехи истеҳсоли қанди сафед мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар расми ифтитоҳи коргоҳи мазкур раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон иштирок намуда, зикр кард, ки бунёди чунин коргоҳҳо ба паст гардидани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат хоҳад кард.

Тавре ки соҳибкор Рустам Мусоев иттилоъ дод, таҷҳизоти қандбарорӣ аз Ҷумҳурии Туркия оварда шуда, дар як шабонарӯз то 10 тонна қанди сафед истеҳсол карда метавонанд.

"Мо айни замон 20 нафар сокинонро бо музди меҳнати хуб ба кор ҷалб кардем ва ният дорем, ки дар оянда доираи фаъолиятамонро боз ҳам васеъ намуда, шумораи коргаронро низ зиёд намоем", - гуфт аъзои ҲХДТ, Рустам Мусоев.