ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ЧОРВОДОР” МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДОИР НАМУД

Вахш: Ҳисобот  

 

 

 Санаи 9-уми  январи соли 2024, дар асоси Оинномаи  ҲХДТ, тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи  Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Чорводор" маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба фаъолияти ташкилот дар соли 2023  гузаронида шуд. Дар маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чорводор”-и ноҳияи Вахш, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Раҳматуллозода Д, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур Ҳотамов А., иштирок намуданд.

Маҷлиси ҷамъбастӣ аз рӯи масъалаҳои зерин доир карда шуд:

  1. Ҳисобти раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чорводор”;
  2. Тасдиқи нақшаи кории  ташкилоти бтидоӣ баро сиоли 2024;
  3. Тасдиқи нақша чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  4. Тасдиқи қарорҳои ташкилоти ибтидоӣ;
  5. Масъалаҳои ҷорӣ;

     Сараввал Раҳматуллозода Д, ба сухан баромада, чунин қайд намуд: Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуда истодаанд. Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Бахусус, соли 2023 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд. Барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳо дар самти мукаммал гардонидани низоми миллии молия ва андоз идома доранд.

         Сипас, аз ҷониби муовини  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Чорводор"  Ҳотамов А.,  ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии мазкур дар  назди ҳозирин хонда шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.