МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ  ҚУБОДИЁН

Қубодиён: Ҳисобот  

      Санаи 8-уми январи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024 баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии ноҳия иштирок доштанд.

Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

1. Натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024.

2.Ҳисоботи роҳбари гуруҳи вакилони ҳизбӣ аз натиҷаи фаъолият дар соли 2023

3. Ҳисоботи ташкилоти ибтидои дар соли 2023

4. Ҳисоботи раиси намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар соли 2023

5. Тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2024

6.Тасдиқи нақша-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

7. Қабули уарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб дар соли 2023

8. Масъалаҳои ҷорӣ

       Вобаста ба масъалаи якум, Раиси Кумитаи иҷроия Абдуоллозода Ваҳобиддин доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024 баромад намуд. Мавсуф қайд намуд, ки новобаста аз камбудию пешравиҳо кормандони Кумитаи иҷроия соли 2023-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда дар пешравию корҳои созандагӣ, тарғибу таблиғи ҳадафу барномаҳои ҳизб ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳолӣ саҳми арзанда гузоштанд.

       Дар фарҷоми маҷлиси мазкур аз тарафи Кумитаи иҷроия як қатор фаъолони ноҳияиро бо сипосномаи Кумитаи иҷроия қадрдони карда шуд.