ТОЗАГИИ АТРОФ - ОМИЛИ БЕҲДОШТИ САЛОМАТӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои оббодонӣ санаи 6-уми январи соли 2024 бо иштироки ҳамаи кормандони асось ва техникии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун шанбегӣ баргузор гардид.

Дар ин шанбегӣ гирду атрофи бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия рубучин карда шуда, атрофи дарахтоне, ки дар назди бинои ҳизб нашъу намо ёфтаистодаанд ба тартиб дароварда шуда, аз ҳаргуна ифлосиҳо тозаю озода гардонида шуд.

Ҳамзамон ҳайати кормандони техникӣ утоқҳои корӣ ва лавозимотҳои корӣ поккорӣ намуданд.