БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БАРҚЧИЁН”

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доира нақшаи баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия вобаста ба натиҷагири аз фаъолияти ташкилотҳо дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии “Барқчиён”-и ноҳия  маҷлиси ҳисоботӣ доир карда шуд. Дар кори маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Абдуллозода Саёҳат, раиси ташкилоти ибтидоӣ Шомуродов Шоҳрух ва аъзоёни ташкилот иштирок намуданд. Дар маҷлис масаълаҳои зерин мавриди матраҳ қарор дода шуд.

1.Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ҳизбӣ дар давоми соли 2023 ва нақшаҳо барои оянда.

2.Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2024

3.Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилоти ибтидоӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”

4.Тасдиқи қарорҳои ташкилоти ибтидоӣ

5.Масъалаҳои ҷорӣ

Сараввал раиси ташкилоти ибтидоӣ дар назди аъзо вка ҷонибдорони ҳизб аз натиҷаи фаъолият дар соли 2023 ҳисобот пешниҳод намуданд. Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои дар рузномаи маҷлис дарҷ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардида ба саҳми аъзоёни ташкилот расонида шуд.