ШАНБЕГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ”

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо гардонидани атрофи корхонаву муассисаҳо ва анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ба ин васила сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гушаи диёр имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1- и ноҳия шанбегӣ таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост!” баргузор карда шуд.

Кормандони соҳа фаъолона ширкат варзида заминҳои атрофи назди корхонаи худро нарм намуда ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз шинониданд.