ҲИФЗИ ВАТАН - ВАЗИФАИ МУҚАДДАС

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии "Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус" Холова Лутфия дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар қисми ҳарбии 0305-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус барои хизматҳои содиқона, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафи муқаддаси худ дар ҳимояи марзу буми Ватан-Модар, бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Соли нави мелодӣ зиёфати идона ороста шуд.