ТАҶЛИЛИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Қубодиён: Ҳисобот  

Санаи 29-уми декабри соли равон дар майдони парчами ноҳияи Қубодиён бахшида ба соли нави мелодӣ чорабинии фарҳангву фароғати таҷлил карда шуд. Дар чорабини раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Ваҳобиддин, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Нахуст суханро раиси ноҳия Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ оғоз намуда, ҳамагонро ба омад-омади соли нави мелодӣ табрик намуда қайд кард ки соли 2024 соли пурфайзу бобаракат ва дар хонадони ҳар яки кишвари азизамон сулҳу амонӣ пойдор бошад. Дар идомаи чорабини аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ба кормандони ташкилоти ибтидоии “Ободкор” тӯҳфаҳои солинавӣ  тақдим намуд. Дар фарҷом аз ҷониби ҳаваскорони санъати Қасри фарҳанги ноҳия барои болида гардонидани хотири тамошобинон барномаи консертӣ пешкаш гардид.