ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-ҲАМСАДОИ ДИЛИ МАРДУМ АСТ!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зери партави сиёсати хирадмандонаву инсондӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар мадди аввал буда, пайваста дар ҳар иду айём нисбати онҳо аз тарафи аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб дар ноҳияи Балҷувон ғамхори зоҳир карда мешавад.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар арафаи Соли нави мелодӣ, ба кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулрез”-и ноҳия барои саҳми муносиб гузоштанашон дар ободиву кабудизоркунӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани ҷойҳои ҷамъиятӣ туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста дастгири халқ буда, роҳи осоишу субот ва зиндагии шоистаро баҳри мардум эҳдо менамояд.