Тарбиятгирандагони маркази тавонбахшии «Ғунча» аз тарафи соҳибкор Муҳаммадзариф Шарифзода соҳиби туҳфаҳои солинавӣ гардиданд

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгирӣ ва кумак ба оилаҳои ниёзманду эҳтиёҷманд, маъюбону беморон аз қабили амалҳои ҳамарӯзаи соҳибкорон ва саховатмандони ноҳия ба шумор меравад.

Онҳо дар арафаи ҳар як иду ҷашнҳо иқдом гирифта, ин табақаи ниёзманди аҳолиро бо туҳфаҳои хотирмон ва навъҳои гуногуни  кумаку дастгириҳо хурсанд намуда, хотирашонро болида мегардонанд, ки боиси хушнудиву фараҳмандии ин табақа мегарад.

Соҳибкори муваффақ, директори генералии корхонаи «Тиллои Тоҷик» Муҳаммадзариф Шарифзода аз зумраи шахсиятҳое мебошад, ки мунтазам пайи дастгирӣ ва кумак ба оилаҳои ниёзманд, аз ҷумла, ятимон, беморон, маъюбон ва нафарони сатҳи зиндагиашон паст мебошад.

Ӯ мунтазам дар арафаи ҳама ҷашну чорабиниҳо ва ғайр аз ин дар рӯзҳои дигар низ ба ин табақа ёрии моддии худро мерасонад. Дар арафаи таҷлили ҷашни Соли нави мелодии 2024 низ кумаки ин фарзанди хайрандешу саховатпеша ба табақаҳои ниёзманд, аз ҷумла ба тарбиятгирандагони маркази тавонбахшии «Ғунча», ки кудакони имконияти маҳдуддошта тарбия мегиранд расид.

Ба ин тарбиягирандагон аз номи соҳибкор Муҳаммадзариф Шарифзода дастархони идона густурда шуда, онҳоро зиёфати идона доданд. Ҳамзамон дар ин рӯз ба ҳар як тарбиятгирандаи ин марказ туҳфаи идона аз тарафи соҳибкор Муҳаммадзариф Шарифзода расонида шуд, ки хушҳолии кӯдаконро ҳадду канор набуд. Дар фарҷом ба ин тарбиятгирандагон барномаи рангини фарҳангии солинавӣ пешниҳод карда шуд, ки маблағгузориашро низ соҳибкор ба уҳда гирифта, хотири ҳаводорони савту суруди ин марказро болида сохт.