МУСОБИҚАИ КУШОДИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "МАКТАБИ ВАРЗИШӢ"

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Мактаби варзишӣ" ба пешвози соли нави мелодӣ ва ҳамзамон ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддасу миллиямон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Ҳамадонӣ мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз байни кӯдакону наврасон дар толори мактаби варзишӣ баргузор гардид.

Мақсаду ҳадафи баргузор намудани чунин мусобиқаҳои варзишӣ ин ҷалби ҷавонон ба варзиш ва оммавигардонии он буда ба ин васила тақвият бахшидани дӯстии ҷавонони шаҳрак ва деҳоти ноҳия мебошад.

       

Шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроия