СУҲБАТИ АЪЗОИ ҲХДТ ВА ФАЪОЛИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ БО ПИРИ ХИРАДИ 102 СОЛА

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сайфулло Ҷалолов 102 сол доранд ва яке аз куҳансолтарин сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ҳисоб мераванд. 

Аҷобати зиндагии ин пири хирад дар он аст, ки то ҳол ҳама кори хоҷагидориро бидуни ҳеҷ кумакрасоне дар беҳтарин шакл анҷом медиҳанд. Ҳамчунин беистифодаи айнак китоб мехонанду корҳои дигари рӯзгордориро низ мустақилона сомон мебахшанд. Бобои Сайфулло дар деҳаи Пушкини ҷамоати Қаҳрамон зиндагӣ мекунанд. 

Ба нақли ҳамсояҳо боре бобои Сайфулло дар маъракае даъват мешаванд ва зимни болои кат баромадан касе дасташро гирифтаву кӯмак мекунад. Аммо аз ин амал гуё бобои Сайфулло меранҷанду зуд ба поён фаромада, дигарбора, бидуни ёрие болои кат мебароянд.

Аз ин маълум мешавад, ки бобои Сайфулло ба пирӣ тан надода, ҳамоно худро ҷавони ҳаждаҳсола мепиндоранд ва мехоҳанд, ки ҳамчунон зиндагии хешро идома диҳанд. 

Ин саодати Сайфулло Ҷалолов аз яксу изни Офаридгор бошад, аз ҷониби дигар иродаи пӯлодони худашу адолати ҳотамонаи фарзандонаш мебошанд. 

Зеро, дар суҳбати чандлаҳзаина борҳо аз фарзандонаш шукргузорӣ намуда, дар мавридашон дуову фотиҳаи нек мекарданд.

Умратон боз ҳам тулонитар бод, бобои Сайфулло!

ДИЛШОД АЛСАМАДОВ, ҲАМАДОНӢ