АКСИЯИ УМУМИ НОҲИЯВӢ БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи ташкилотҳо, муассисаҳо ва идораҳо ба худи инсон вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани санаҳои муҳими сиёсиву таърихии кишвар имрӯзҳо дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, корҳои ободонӣ ва тозаю озода нмудани атроф бо дарки баланди масъулият идома дорад. Бояд қайд намуд, ки аъзоён ва тарафдорони ҳизб аз ташкилоти ибтидоии Ҳизбии “Маҳаллаи №5”,-и ноҳия бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкан, тозаву озода намудани гузаргоҳҳо, гирду атроф, нарм намудани заминҳову канори дарахтон дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии маҳали зист ва барои боз ҳам зеботар намудани ноҳияи худ пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.