СОХТМОНИ ПУЛ БО САҲМИ СОКИНОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ноҳияи Ҷайҳун якқатор корҳои ободонӣ амалӣ гардида истодааст.

Аз ҷумла, дар деҳаи А. Фирдавсии Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси аъзо, ҷонибдорон ва фаъолону сокинони деҳа як адад пули мошингузар бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ бо тамоми талаботҳо сохта мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки имрӯзҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сохтмони пул ва иншоотҳо бо суръат давом дорад.