АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНУ МАЪЮБОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дасти ёрӣ дароз намудан ба маъюбон, ятимон, барҷомондагон ва ниёзмандон яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор рафта, дар сурати бохабар гардидан аз рӯзгори онҳо ва ба аёдати онҳо рафтан, ин қишри ҷомеа низ худро танҳо ҳис намекунанд.

Ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳои давлатию миллӣ ба ҳамаи ниёзмандон аз ҷумла ятимон, маъюбон ва пирону барҷомондагон кумакҳои моддию молӣ расонида мешавад.
Ин иқдом аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Дӯстӣ низ анҷом дода мешавад.
Санаи 23.12.2023 дар арафаи Иди соли нави мелодӣ аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  "Иттифоқ" Узбеков Нусратулло ва бо иштироки муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор ба аёдати якчанд нафар собиқадорону маъюбон ва ниёзмандон рафта аз аҳвол ва рӯзгори онҳо бохабар гардиданд. Ҳамзамон ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ ва кумаки яквақтаи моддӣ аз ҷумла орду равған ва дигар маводҳои ғизоӣ расонида шуд.