ДАСТИ НИЁЗМАНДОНРО ГИРИФТАН АМАЛИ ХАЙР АСТ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дасти ниёзманд ва ё дармондаеро гирифтан, ба ӯ кӯмак кардан, аз хислатҳое мебошад, ки неку писандида ва яке аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дастуру ҳидоятҳояшон, аз ҷумла дар Паёмҳои худ ба масъалаҳои эҳсонкорӣ, хайрхоҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, соҳибкорону ашхоси саховатпешаро ба ободонии мамлакат ва дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ашхоси дармонада ҳидоят менамоянд. Пешвои миллат қариб, ки дар ҳар як вохӯриҳои худ бо халқ борҳо таъкид намудаанд, ки ҳар як амали неку созанда савоби зиёде дораду сари ятимеро сила намудан ва эҳтиёҷи дармондаеро бароварда кардан дари биҳиштро ба рӯи шахси саховатпеша боз месозад.Аз ҷониби раиси ТИ “Арал”-и ноҳияи Восеъ Ҳайдаров С.ба як оилаи ниёзманди сокини ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳия, кӯмаки моддӣ ва молиявӣ расонида шуд. Аз ин амали нек кӯмакгирифтагон шод гардида, ба ин марди саховатпеша миннатдории хешро баён намуданд.