СУҲБАТУ МУЛОҚОТ БО ҶАВОНОН

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод ҷиҳати вохӯрӣ бо сокинон ва ҷавонони кишвар вобаста ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», инчуни ҷиҳати даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даст назадан ба ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз бо иштироки роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Муъминобод, Раҳимов Фурқат миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии вохӯриҳо доир гашта истодаанд.

Дар доираи ин вохӯриҳо бо иштироки намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Муъминобод ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти кумита Суҳроби Бозоралӣ бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Муъминобод суҳбат ва мулоқот доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ бо хонандагон масъалаҳои ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму дониш ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, инчунин риояи қонунҳои мамлакат мавриди омӯзиш ва баррасӣ қаро дода шуда, таъкид карда шуд, ки ҷавонон дар истифодаи Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушёр бошанд. Зеро аксар гурӯҳҳои террористӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ саҳифаи худро дошта бо роҳи фиреб ҷавононро ба доми худ шомил карда истодаанд.