АЁДАТИ ГУЗАШТАГОН АМАЛИ ХАЙР АСТ!

Қубодиён: Ҳисобот  

Тибқи нақша чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён як ҷо бо ташкилотҳои ибтидоии "Саъдии Шерозӣ", «Биноӣ», “Зафар”, “Заркамар”, “Фирдавсӣ”, “Чорбоғ”, “Хоҷагии ҷангал”, “Дӯстон”, “Роҳи нав"  ва “Гулистон”,  оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо аксияи ҳизби таҳти унвони  “Рӯзи ёдоварӣ” доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс, раисони маҳалла ва Имоми масҷидҳои паҷвақта иштирок намуданд. Пеш аз чорабинии мазкур аҳли иштирокдорон даст ба дуо бардошта барои гузаштагон ва ба тинҷиву омонии кишварамон ва ба  Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  намуданд. Дар ин рӯз сокинон, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба оромгоҳи деҳаҳои  Ёбуз, Гузариболо, Ғишткӯӯпрук,  Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав, деҳаҳои Советобод, Бобоҷон Ғафуров, Баҳористон ва Нусратулло Махсум, Фароғат ва Роҳинави Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён барои тоза намудани гирду атрофи ин оромгоҳҳо баромада, саҳми арзандаи худро гузоштанд.  Ёдовар мешавем, ки ин чорабинии мазкур оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” дар оянда низ аз ҷониби масъулин дар дигар маҳаллаҳои ноҳия ташкил ва гузаронида мешавад.