ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛИ ҶАҲОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Нимаи дуюми рӯзи 19 декабри соли ҷорӣ дар доираи нақша чорабиниҳои иловагии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба  баргузории чорабиниҳо бахшида ташаббусҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва иқлим дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зидди ВНМО” мулоқот баргузор карда шуд.Зимни баргузории чорабинӣ нотиқон иброз доштанд, ки наметавон дар дунё давлат ё сарзаминеро пайдо кард, ки дар он масъалаи истифодаи самараноки манбаъҳои об, ҳифзу нигаҳдории он мувоҷеҳи мушкилот нагардида бошад.  Имрӯз ин мушкилии бар сари Замину инсоният омада моро вомедорад, ки инсонҳову давлатҳои рӯи олам дар якҷоягӣ, бо муросову ҳамраъйии ҳамдигар роҳи ҳаллу пешгирии онро омӯзанду биёбанд. Чунонки мутахассисон муайян кардаанд, дар ҳолати об гардидани тамоми пиряхҳои олам сатҳи об дар рӯи Замин то ба 64 метр боло мебарояд. Ин на танҳо боиси зери об мондани як қисмати бузурги сайёраи мо ва маҳв  шудани зиндагӣ дар бисёре аз шаҳрҳову давлатҳо мегардад, балки дар тамоми гӯшаҳои дигари сайёра инсониятро бо мушкилоти гароне рӯ ба рӯ менамояд. Бино ба маълумоти муайяншуда, ҳоло беш аз 3 миллиард сокини сайёра аз оби тоза танқисӣ мекашанд ва пешгӯӣ мешавад, ки ин теъдод то соли 2025 ба 4 миллиард наздик мешавад.  Дар айни замон дар саросари Замин ҳамарӯза аз 800 то 900 кӯдаки то 5- сола аз норасоии оби тоза мефавтанд.Миллати мо ифтихор аз он дорад, ки Тоҷикистон ва Сарвари башардӯсти он ҳанӯз аз соли 2009 талоши худро барои ҳифзи иқлим ва об оғоз карда буданд. Соли 2009 дар Копенгаген, дар ҷаласаи тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим ва баъдан дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Фаронса, Швейтсария, Амрико, баъдан моҳи марти соли 2021 дар нахустин ҷаласаи роҳбарони Эътилофи обу иқлим Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хусуси босуръат об шудани пиряхҳо дар баробари истеъмоли аз ҳад зиёди об, ки вобаста ба афзоиши аҳолӣ  ва рушди иқтисод аст ва метавонад оқибатҳои манфиву мудҳиш ба бор орад, ибрози андеша доштанд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши пиряхҳо ва махзанҳои барф дар сатҳи ҷаҳонӣ ва хусусан дар манотиқи кӯҳсор шуда метавонад.