ШИНОСОӢ АЗ РАВАНДИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ҚАЛАМРАВИ НОҲИЯ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

       Шиносоии Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ аз рафти корҳои ободонӣ, ки мароми ҳамешагии мардуми заҳматқарини ноҳияи Ҳамадонӣ мебошад, дар саҳни Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-и ба номи Масабур Сатторов. Тавре, ки иҷрокунандаи Директор муҳтарам Ғоибов Д ба мо иттилоъ доданд таҳти як ҳашари дастҷамъӣ бо ҳамроҳии омӯзгорон ва хонандагони муассиса, ки ҳамзамон аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "М.Баҳодуров" мебошанд аз навъи гули садбарг 2500 бех қаламчаро дар гармхонае, ки дарозиаш 6 метр ва паҳноиаш 2 меро мемонад нигоҳ медоранд. Баргузории чунин ободкориҳо дар асоси ҳидоятҳои рӯзафзуни Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар доираи дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Ҳамадонӣ муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай дар тамоми қаламрави ноҳия бо маром идома дорад.

       Масъулини Кумитаи иҷроия ҷиҳати таблиғ ва ташвиқи васеи ташаббусҳои созандаи мардуми ноҳия, дар сомонаҳои иҷтимоӣ саҳми худашонро мегузоранд.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилоот