Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи шаҳрдорӣ» низ ташаббускоранд

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Ховалинг барои ободу зебо гардонидани кучаву маҳаллаҳо, кабудизоркунӣ ва ба ҳусни ноҳия зебогии дигар зам намудан идораи шаҳрдорӣ фаъолият менамояд, ки дар ин муассиса якчанд нафар бонувон фаъолият намуда, дар тозаву озода ва  гулпарварии ноҳия саҳми муносиб мегузоранд.

Субҳи имрӯз ин бонувони озодакор-аъзоёни ташкилоти иибтидоии ҳизбии «Идораи шаҳрдорӣ» ба тоза намудани буттаҳои гулҳои ороишӣ, ки дар кучаву гулгаштҳо ва ҷойҳои ҷамъиятию фароғатии ноҳия шинонида шудаанд, машғул буданд.

Онҳо буттаҳои гулҳои ороиширо аз баргу пояҳои хушк тоза намуда, барои дар фасли баҳор хуб нашъунамо карданашон ба решаҳои онҳо ғизо ва нуриҳои лозима медиҳанд.

Ин амали онҳо боис мегардад, ки ҳашаротҳои зараррасон низ нобуд гардида, ба нашъунамои гулҳо монеа ворид намесозанд.