“Соати сиёсӣ” дар муассисаи таълимии №68-и ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таълимии №68-и ноҳияи Восеъ бо роҳбарии омӯзгор Ашуралӣ Эргашов соати сиёсӣ гузаронида шуд. Соати сиёӣ бо иштироки  муовини директор оид ба кори таълим Иброҳимова Анорбӣ ва як зумра омӯзгорон баргузор гардид.Зимни соати сиёсӣ қайд гардид, ки амалиёте, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудаанд, ташаббуси саривақтӣ буда, баҳри рушд, ташаккули тафаккур, ҷаҳонбинии миллии ҷавонон, мукаммал намудани донишу ҷаҳонбинӣ, эҳтирому арҷгузорӣ, адлу инсоф, хоксориву фурӯтанӣ, шуҷоату далерӣ ва ба ростгӯию росткории ҷавонон мусоидат менамояд. Дар соати сиёсии баргузоргардида масъалаҳои доғи рӯз баррасӣ гардиданд ва хонандагон аз ин соат ба худ ғизои маънавӣ бардошт намуданд.