АМАЛИШАВИИ  ТАШАББУСҲОИ  ҲИЗБӢ  ДАР  НАЗДИ  КУМИТАИ ИҶРОИЯ.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикситон ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор рисолати олии созандагиро бардӯш дошта, баҳри тақвият бахшидани ташаббусҳои ҳизбӣ саҳми ҳамаҷониба мегузорад.

Имрӯз дар назди бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон 150 дона қаламчаи гулҳои ороишии садбарг шинонида шуд.

Ин амали  некро ба ҳукми анъана дароварда, ҳамарӯза дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ҳашарҳои дастаҷамъонаи ниҳолшинониву гулҳои ороишӣ сурат гирифта, баҳри тозагии муҳити атроф саҳми муносиб мегузоранд.