Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таълимии №8-и ноҳияи Восеъ бо хонандагони синфҳои болоӣ соати сиёсӣ дар мавзӯъи “Терроризм ва ифротгароӣ амалҳои номатлуби замони муосир” баргузор гардид. Зимни суханрониҳо иброз гардид, ки ба ҳамагон маълум аст, ки терроризм ва ифротгароӣ — содир намудани амалҳои номатлубест, ки таҳдиди хатар ба ҳаёти инсонҳоро дорад. Имрӯз фурсате ба миён омадааст, ки бояд ба муқобили ин зуҳуроти хатарзо ҳама сарҷамъона мубориза барем. Мусаллам аст, ки терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб намуда, он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн намудааст ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо, воқеан, таҳдид эҷод менамояд. Дар идома қайд гардид, ки мояи ифтихор ва сарфарозист, ки ҷавонони тоҷик, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат дониста шудаанд. Аз амалҳои нек ва талошҳои пайвастаи ҷавонони худогоҳу хушинос бармеояд, ки онҳо аз ин падидаҳои номатлуби асри нав, худро дур гирифта, барои ворид нашудан ба гурӯҳои террористию ифротгароӣ нангу номуси миллии худро баланд бардошта, барои таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол талош менамоянд.