ОМОДАГИИ ҶАВОНОН БАХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Ҷиҳати омодагии ҷавонон ба хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар муассисаҳои таълимии ноҳия озмуну намоишҳои ҳарби гузаронида мешавад. Масъулини муассисаи таълимии №62 ҷиҳати тарбияи ҳарбӣ ва тандустии ҷавоно дар саҳни ҳавлии муассиса бо ҷалби хонандагони синфҳои болои машқи дифои ҳарбӣ баргузор намуданд.Дар ин руз ҷавонон ҳунару маҳорате, ки дар дасҳои дифои ҳарбӣ омухта буданд ба омузгорон намоиш доданд. Инчуни, устод зимни суханрони иброз доштанд, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ифтихор аз давлати соҳибистиқлол ва тақвият бахшидани тарбияи ватанпарастии ҷавонони синни даъватӣ аз тарафи комиссариатҳои ҳарбӣ вобаста карда шудаанд. Барои омода намудани ҷавонон барои хизмат ба Ватан-Модар дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат тайёр ҳастем