ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАҲРИ РУШДИ УСТУВОРИ ИНСОНИЯТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Зери ҳамин мафҳум дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ғалаба” мизи мудуввар бо иштироки фаъолони ҳизби баргузор карда шуд.

         Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ғалаба” зимни суханронӣ бо иқтибосҳо иброз доштанд, ки 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва дар рӯйхати ҷашнвораҳои байналмилалӣ ворид гардидани санаи 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳамаи ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Дар ҳазорҳо рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион, сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз иқдомҳои башардӯстонаи Роҳбари давлати Тоҷикистон ситоиш карда, хулоса намудаанд, ки ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронда шуда, назари навро дар самти истифодаи захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон талқин менамояд ва барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор заминаи пойдор мегузорад. Шарҳу тавзеҳ ва иқтибоси андешаҳои баёнгардида вобаста ба ин масъала дар як мақола аз имкон берун буда, пажӯҳиш ва таҳқиқи мукаммалро тақозо менамояд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва афзудани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.