Насби шиору овезаҳо аз ҷониби кормандони ҳизбӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рукни таркибии низоми бисёрҳизбии кишварро ташкил дода, дар миёни ҳизбҳои амалкунанда бонуфузтарини онҳо ба ҳисоб меравад. Ин ҳизб дар тўли фаъолияти худ пастиву баландиҳо ва мушкилоту проблемаҳои зиёдеро паси сар кардааст.Он таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ нақш ва мавқеи хоса дорад ва бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ баҳри таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ободиву шукуфоии Ватани азизамон пайваста талош меварзад. Ҳамин аст, ки пайванди миёни ҳизб ва мардум, ҳизб ва ҷомеа дар ин муддат на танҳо устувору побарҷост, балки сол то сол, давра ба давра қавитар мегардад.Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 29-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ кормандони ҳизбӣ санаи 09.12.2023 корҳои ободониро дар назди бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ба роҳ монданд. Баъд аз рӯбучини гирду атроф масъулини ҳизбӣ дар назди бино шиору овезаҳоро насб намуданд.