ГУЗОШТАНИ САҲМИ БЕАНДОЗА ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДКОРӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳифз  намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи ташкилотҳо, муассисаҳо ва коргоҳҳо ба худи инсон вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ташкил намуда, дар анҷом додани корҳои созандагӣ,  ободкорӣ  ва  сарсабзу  хуррам  гардонидании ҳар як гӯшаву атрофи сарзаминамон саҳмгузор бошед.

Ба ҳамин хотир кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оила”-и ноҳияи Кӯшониён бо  мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои корхонаи худ корҳои ободонӣ  доир намуданд.

Боиси қайд аст, ки кормандони ташкилоти мазкур бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва бо мақсади ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану ҳамешасабз,  тозаву  озода  намудани  гузаргоӽӽо  ва  гирду  атроф,  гулу буттаҳо ва нарм намудани заминӽову канори дарахтон дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва боз ҳам зеботар намудани маҳали коргоҳи худ пайваста саҳми арзанда мегузоранд.