МО РИСОЛАТИ ОЛИИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРИРО БАР ДУШ ДОРЕМ.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зери сиёсати хирадмандонаву ободкоронаи  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри бунёдкориву хуррамӣ ва сарсабзу зебо гардонидани  ҳар  як  гӯшаи  диёр аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб саҳми шоён мегузоранд.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Балҷувон 2”-и МТМУ №1 ноҳияи Балҷувон ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ сурат гирифт, ки аъзоён ва дастпарварони  ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур дар ин амали нек фаъолона иштирок намуданд.

Мо ин рисолати олии хуррамиву сарсабзиро талқин намуда, насли ҷавонро дар масири меҳандӯстиву худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ тарбият месозем.