"ТОҶИКОН"-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ БЕШАК ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛАТ МЕБОШАД.

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Дар муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 ҷамоати Шаҳраки Москва-и ноҳия мизи мудаввар дар тақвияти Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 115-солагии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик қаҳрамони Тоҷикистон академик, аллома Бобоҷон Ғафуров бо иштироки васеи омӯзгорон ва хонандагон баргузор гардид, ки дар он намоянда аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ иштирок ва маърӯза намуд. 

         Сухани ифтитоҳиро сарвари муассиса муаллимаи гиромӣ Ашурова Ҷамила оғоз намуда, ҳозиринро ба шодбош гуфт.

        

         Баъд аз шунидани маърӯзаҳои устодон хонандагон низ перомуни зиндагиномаи аллома Бобоҷон Ғафуров ва китоби мондагор ва безаволи он ТОҶИКОН барномаи омодакардаи хешро манзури ҳозирин гардониданд.

       Шуъбаи иттилоот ва таблиғот