САҲМИ ЗАНОН ДАР ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Мулоқоти раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пайравон” бо занону духтарони фаъоли ин ташкилот дар мавзуи “Саҳми занон дар пешрафти ҷомеа” баргузор карда шуд.

Маҳмудов Сайхуҷа раиси ташкилоти ибтидоии мазкур зимни баромадашон қайд карданд, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо ва заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд. Албатта, чи қадаре, ки занон бодонишу бомаърифат бошанд, ҳамон қадар ҷамоеа бофарҳанг ва фарзандонамон ботарбияву хушахлоқ мегарданд. Воқеан, боиси хушнудист, ки имрӯз мо дар мақомоти корҳои дохилӣ шумораи зиёди бонувони равшанфикр, бомаърифат, соҳибилм ва ҳамқадами замон дорем, ки боиси ифтихору сарфарозианд. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан-модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд. Умуман занони тоҷик аз рӯзҳои аввали таъсисёбии давлати Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун хизмати босазо намудаанд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамчун донандаи хуби таърихи миллати хеш ба матонати зани тоҷик баҳогузорӣ намудааст: «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст».