ТАШАБУССИ ҲИЗБИИ АКСИЯИ "МАКТАБИ МАН" АМАЛӢ ГАРДИДА ИСТОДААСТ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дӯстӣ:  Баҳри баланд бардоштани донишу малакаи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия доир ба технологияҳои муосир аз тарафи Шуъбаи маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида истодаанд.   Аз ҷумла, тибқи нақша харидории копютерҳо дар давоми соли 2023,  138 ададро ташкил медод, ки то ба имрӯз 162 адад компютер харидорӣ ва ба ихтиёри муассисаҳои таълимӣ супорида шудааст, ки 117 дарсади нақша мебошад.

Тавре, ки аз ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён"  иброз  доштанд, ингуна иқдомот метавонад, ки кори омӯзгорони  муассисаҳои таълимиро осон намояд. Таълиму тарбияи насли наврас бо компютер ва воситаҳои аёнии таълимӣ ба талаботи замони муосир ба роҳ монда шуда шогирдон ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ва интихоби дурусти касб омода карда мешаванд.