ОҒОЗОИ ОЗМУНИ РАСМИ БЕҲТАРИН ДАР ДОРИАИ ҲАФТАИ ҲХДТ ДАР САҲНИ МТМУ 2

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Санаи 06 - уми соли ҷорӣ озмуни "Расми беҳтарин" дар саҳни муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 , ки бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҳамбастагӣ бо Шуъбаи маорифи ноҳия роҳандозӣ гардид, аз 50 макотиби шаҳраку деҳоти ноҳия хонандагон ба озмун ҳозир шуданд.             Қабл аз оғози озмуни расмӣ беҳтарин мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ дар синфхонаи барҳавои муассиса перомуни мақсад ва ҳадафи баргузории озмун маърӯза намуда, сипас дар саҳни муассисаи мазкур озмун ба кори худ оғоз кард.

Шуъбаи иттилоот ва таблиғот