БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо мақсади баргузории ҷорабинии идона бахшида ба 29 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 6 – декабри соли ҷорӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии ҷангал” ва “Ҷамоати деҳоти гулшан” барои афсарон ва аскарони Блокпости сарҳадии №8 мустақар дар деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Дарқад дастархони идона барпо намуданд.Ҳамзамон зимни суҳбат иброз доштанд, ки ҲХДТ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ нақш ва мавқеи хоса дорад ва бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ баҳри таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ободиву шукуфоии Ватани азизамон пайваста талош меварзад. Ҳамин аст, ки пайванди миёни ҳизб ва мардум, ҳизб ва ҷомеа дар ин муддат на танҳо устувору побарҷост, балки сол то сол, давра ба давра қавитар мегардад.Ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз ормонҳо ва ҳадафҳои мардумӣ маншаъ гирифтаанд, бо гузашти айём арзиши волотар касб намуда, ба мақсаду мароми миллати шарафманди тоҷик табдил меёбанд. Сокинони мамлакат роҳи расидан ба зиндагии шоистаро дар татбиқи ҳадафҳои хирадмандонаи ин ҳизб мебинанд. Воқеан ҳам, имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як ташкилоти тавоное табдил ёфтааст ва метавонад халқи кишварро ба фатҳи қуллаи мурод раҳнамоӣ кунад.