ОМОДАГӢ БАҲРИ ТАҶЛИЛИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 29-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи «Ҳафтаи ҳизбӣ» кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг тасмим гирифта, барои гузаронидани конференсия бахшида ба ин саннаи муҳими таърихӣ омодагӣ гирифтаанд.

Онҳо саҳни бинои муассисаи кумитаи иҷоияро бо шиору овезаҳо ва парчамҳо ороиш дода, ба ҳусни бино зебогии дигар зам намуданд.

Ҳар як роҳгузаре, ки мегузашт аз омодагӣ пурсон гардида, аз таърихи таъсиси ин рӯзи наку таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳадафу мақсадҳои ҳизб бохабар гардиданд ва кормандонро муборакбод мегуфтанд.

Аз ин рӯ ҳама мардуми кишвар, аз ҷумла аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба ин рӯзи фархунда муборакбод мегӯем.