ҲХДТ- ҲИЗБЕ, КИ ҲАМЕША БО ХАЛҚ АСТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Акбаров Холмурод вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор аз ҳавзаи интихоботии №31-и деҳаи Чоргули Ҷамоати деҳоти Зафар дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ оид ба баргузор намудани суҳбату мулоқотҳо бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ дар Муассисаи таҳсилоти ибтидоии умумии №41 мулоқот бо интихобкунандагон баргузор карда шуд.Гуфта шуд, ки Ҳизбе, ки бо ҳадафҳои олии миллатсозиву давлатсозӣ вориди сиёсат шуду бо нерӯ ва ҳадафу барномаҳои созандаи худ, бо такя ба нерӯи бузурги халқ дар кишвари ҷангзада поидевори сулҳу ваҳдатро гузошт, миллати пароканда ва ноумедро сарҷамъ карда, ба мардум умеди дубораи зиндагии шоиста дод. Имрӯз ин ҳизби созанда ва бунёдкор солгарди 25-умини таъсисёбии худро ҷашн мегирад. Санаи 10-уми декабри соли равон аз таъсисёбии Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон расо 25 сол пур мешавад. Ҳизбе, ки тавонист қишрҳои гуногуни ҷомеъаро, ки дар зиддияти ҳамдигар қарор доштанд, сари як миз ҷамъ биораду миллати зиёда аз ҳазор сол аз давлатдории миллӣ бенасибмондаро давлати миллӣ бисозад. Ба бахти миллати тоҷик зимоми давлатдорӣ ба дасти шахсияти бо ирода ва миллатдӯсту ватанпарвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омад ва ӯ бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти замон ва зиддиятҳои мафкуравӣ дар андешаи созмон додани ҳизбе афтод, ки тавонад таввасути он миллатро аз буҳрони амиқи идеологию сиёсӣ берун созад.Ҳамин тавр дар айни ҷанги шаҳрванди 10 –уми декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт.