ТАШАББУСИ АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ БАХШИДА БА 29-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳафтаи ҳизбӣ, ки аз 4 то 10 декабр эълон гардидааст, ҳизбиёни ноҳия аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ ташаббу нишон дода, корҳои ободонию созандагиро ба роҳ монданд.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷамъияти матлубот» колективи кормандон ба корҳои созандагӣ раҳнамун гардидаанд.

Дар нуқтаи фуруши хурокҳои гарм  кормандон якдилона ба ҳашар баромада, барои азнавсозии ҷойи хӯрокхӯрӣ камари ҳиммат бастанд ва имрӯз кор дар ин самт дастаҷамъона идома дорад.