ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР АМАЛ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар самти бунёди гулгашту хиёбонҳои нав бо ташкили ҳашари шанбегӣ таъкидҳо намудаанд, ҳар як аъзои ҳизб вазифадоранд, ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидании ҳар як гӯшаву атроф саҳмгузор бошанд.

Аз ин рӯ, санаи 2-юми декабри  соли равон кормандони МТМУ №1 ноҳияи Қубодиён, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии худ шанбегӣ доир намуданд. Бояд қайд намуд, ки кормандон бо як рӯҳияи баланд барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкан, тозаву озода намудани гузаргоҳҳои дохиливу берунӣ ва гирду атроф, нарм намудани заминҳо дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф саҳми арзандаи худро гузоштанд.