ОМОДА НАМУДАНИ ШАҲОДАТНОМАҲОИ ҲИЗБӢ, ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ҲХДТ.

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

       Масъулини шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо мақсади сари вақт анҷом додани дастуру супоришҳо шаҳодатномаҳои ҳизбиро омода намуда ба нафароне, ки аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ҷиҳати аъзогӣ ба ҳизб ариза пешниҳод намудаанд тақдим карда мешаванд.

        Тибқи нақшаи фаъолият бо мақсади зиёд намудани аъзои ин ҳизби созанда, бунёдкор, таъминкунандаи рушди устувори иқтисодӣ, зиндагии шоистаи мардум ва наҷотбахши миллат аз вартаи нобудӣ, масъулин ҳангоми баргузории суҳбату вохуриҳо бо мардум сафи аъзои ҳизбро зиёд менамояд.  Шӯъбаи иттилоот ва таблиғот