КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ЗЕРИ УНВОНИ "ҲАФТАИ ҲХДТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Собиров Далер ва кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "МАОРИФЧИЁН" дар канори роҳҳои пиёдагарди назди бинои шуъбаи маорифи ҷамоати шаҳраки ба номи И. Сомонии ноҳия ҳашари шинонидани беш аз 100 бех дарахти ҳамешасабзи арча доир гардид.

Дарахти арча дар шароити мусоид тақрибан пас аз як моҳ тухм неш зада, ба сабзиш шурӯъ намуда, дар давоми се чор соли парвариш ниҳоли навраси сарв то як метр қад мекашад ва онро ҷиҳати кабудизор намудани гулгашту хиёбонҳои шаҳру деҳоти ватанамон ба ҷои доимии мувофиқ мешинонад.

Чунин иқдомҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳия аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҳамарӯза идома дошта, симои онро боз ҳам зебову назаррабо намуда истодааст.