ОБОДИИ ДИЁР АЗ МУСТАҲАКАМӢ ВА ЯКДИГАРФАҲМӢ САРЧАШМА МЕГИРАД.

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо дастгирии аъзоёни фаъоли ҳизб, ҷавонони саховатманди деҳаҳои  “Тулаганов”, “Бешкент”, “Лолазор” ва “Наврӯз”   дар деҳаи “Тулаганов” ҷамоати деҳоти “Фирӯза” ва дар деҳаи “Бешкент”-и Ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳияи Носири Хусрав дар доираи 29-солагии таъсисёбии Рӯзи ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободони бо суръат идома дорад. Соҳибкорони деҳаи “Тулаганов” барои сохтани 16  синфхонаҳои иловагӣ дар   муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ҷамоати деҳоти “Фирӯза”-и ноҳияи Носири Хусрав ва барои барқарор намудани пули мошингузари байни деҳаҳои “Бешкент”, “Наврӯз” ва “Лолазор”-и ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳияи Носири Хусрав корҳои ободонӣ ва созандагӣ бо суръат идома дорад.