БОЗИИ ЗЕҲНИИ ШАШКА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 1-уми декабри соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва ташкилоти ибтидои "Маорифчиён" бахшида ба истиқболи таҷлили Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ зери унвони Ҳафтаи ҲХДТ, бозии зеҳнии “Шашка” миёни ҷавонписарони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур ин иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти зеҳниву фикрии ҷавонону наврасон, пешгирӣ намудан аз паҳн шудани ақидаҳои ифротӣ, инчунин рушди ин намуди варзиш аз роҳи ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии беҳтаринҳо дар ин самт мебошад.

Баргузории мусобиқаи бозии зеҳнии шашкаро мудири роҳбарони синф ва доварон ташкил ва доварӣ намуданд. Ин мусобиқа байни синфҳои болоӣ сурат гирифт. Дар натиҷа ғолибони мусобиқа ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор гардиданд.