МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба сазовор таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ зери унвони "ҲАФТАИ ҲХДТ" дар муассисаи таълимии рақами 1-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" мизи мудаввар дар мавзӯи “Мактаби давлатдории Пешвои миллат” бо иштироки хонандагон доир гардид.

Кори мизи мудавварро муовини директор оид ба таълим ифтитоҳ намуда, мақсади баргузории онро шаҳр доданд.

Дар идома мавсуф қайд кард, ки бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён нақша-чорабиниҳоро таҳия намудааст. Илова бар ин зам намуд, ки боиси фараҳмандист, ки имсол таҷлили Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ ба “Соли ҷавонон” рост омадааст. Аз ин хотир дар кори мизи мудаввар ҳама фаъолҷавонон, ихтиёриён, аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони ватан” даъват гардидаанд.

Сипас, муовини директори муассиса дар мавзӯи “Мактаби давлатдории Пешвои миллат” маърӯза кард.

Дар маърӯза аз хизматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои миллат миллати тоҷик ба ваҳдати комил расид. Зикр карда шуд, ки ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ савганд ёд карда буданд. Таҷрибаи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифтани Роҳбарияти Олии кишвар самараи хуб ба бор оварда истодааст. Аз ин рӯ бунёди ҷомеаи демократӣ ва раванди демократикунонии ҷомеаро бе иштироки ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ ҷавононро лозим аст, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар саҳми назаррас дошта бошанд.

Ҳамчунин дар фаромади кори мизи мудаввар ҷавонон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ аз дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат, Роҳбарияти ҲХДТ ва сохтори ноҳиявии он Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён қаноатмандем ва ҳамеша кӯшиш мекунем, ки дар мустаҳкам нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат дар кишвар саҳми худро гузорем.