САҲМИ АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲИЗБ ДАР ОБОДИИ ДИЁР.

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати сазовор истиқбол намудан аз 29-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар доираи амалишавии нақшаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аъзоёну кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия дар ҳолати пайдо гардидани вазъияти мусоид корҳои поккориро ба роҳ монда, саҳми арзандаи хешро дар зебогии як гӯшаи диёр мерасонанд.

Дар таърихи 30-юми ноябри соли равон аъзоёну кормандони ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ” дар гирду атрофи ташкилоти мазкур  корҳои ободониву поккорӣ ва хуррамгардониро ташкил намуданд.

Ёдовар мегардем, ки дар ташкил ва баргузор намудани ҳашар саҳми Шокирзода Асомуддин- раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғли аҳолӣ” бағоят калон ва шоистаи аҳсану офарин аст.   

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ: